Дархост барои бурсияи Донишкадаи инноватсионии Душанбе (DII)
Бурсия
Қобили қабул
Талаботи академӣ
Довталабоне, ки мактаби миёнаро пеш аз оғози семестри якум хатм кардаанд.
Талаботи шаҳрвандӣ
Довталабоне, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.
Маводҳои дархост
Ариза барои дархости стипендия
Пур кардани ариза қадами аввалини муроҷиат ба бурсия мебошад. Муҳим аст, ки ҳамаи қисмҳоро дақиқ пур кунед.
Барои боргирии аризаи пуршаванда инҷо зер кунед.
Изҳороти мақсад / мактуби ҳавасмандкунӣ
Дар ин изҳорот сабабҳои интихоби ихтисос ва таъсири онро ба ҳадафҳои ояндаи шумо шарҳ диҳед. Дар баёни изҳорот ростқавл бошед ва муболиға накунед.
Нусхаи паспорт ё шиносномаи миллӣ
Нусхаи саҳифаи асосии шиносномаи шумо, ки акс ва маълумоти шахсии шуморо дар бар мегирад.
Нусхаи аттестати мактаби миёна
Нусхаи аттестат бо иловааш. Ин ҳуҷҷат бояд имзо ва муҳри мактабро дошта бошад.
Тавсифнома
2 адад тавсифнома аз омӯзгор ва ё маъмурияти мактаб. Тавсифномаҳои мазкур дар бораи сифат, малакаҳо, қобилияти зеҳнӣ ва ҳавасмандӣ ба ихтисоси интихобкардаи шумо маълумоти бештар медиҳад.
Ифтихорномаҳо
Нусхаҳои дастовардҳои худро, аз ҷумла дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, озмунҳои илмиву лоиҳавӣ, ҷоизаҳои мактабӣ ва дигар дастовардҳои назаррасро пешниҳод намоед.
ИМД: 96% ва зиёдтар аз он – 100% бурсия; 91-95% – 50% бурсия; 85-90% – 25% бурсия.
Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ: 1ум – 50%, 2юм ва 3юм – 25% бурсия.
Санҷишҳои дохилии DII: Имконияти ба даст овардани бурсия дар ҳаҷми 100% / 50% / 25%.
CV / Резюме
Резюме ҳатмист, ҳатто агар шумо таҷрибаи корӣ надошта бошед. Шумо метавонед тамоми таҷрибаи омӯзишӣ, маҳфилҳо, дастовардҳо, малакаҳои иҷтимоӣ, донистани забонҳо, донистани барномаҳои компютерӣ ва дигар донише, ки шумо гирифтаед, хусусан агар онҳо бо ихтисоси шумо алоқаманд бошанд, дохил кунед.
Натиҷаҳои имтиҳонҳо
Имтиҳонҳои умумиқабулгардида (ИМД / SAT / ACT ё дигар имтиҳонҳо) ва санҷишҳои худи DII аз фанҳои забони англисӣ, математика ва мантиқ омилҳои муҳиме мебошанд, ки ҳангоми додани бурсия ба назар гирифта мешаванд. Якумдараҷа натиҷаи имтиҳонҳо ба ҳисоб мераванд, аммо қарори охирини бурсия пас аз баррасӣ намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои дахлдор дода мешавад.
Хуҷҷати тасдиқкуннадаи савияи дониши забони англисӣ
TOEFL, IELTS, TEPS, TOEIC, санҷиши дохилии DII аз забони англисӣ ва ғ.
Намунаи саволҳо
Эзоҳ:
Ҳама маводҳои дар боло зикршуда бояд ба суроғаи scholarship@dii.tj равон карда шаванд.
Барои ҳама гуна дархост ва кумак лутфан бо Ҳакимов Парвиз ба воситаи телефон (+992) 021035757 ё суроғаи электронӣ scholarship@dii.tj тамос кунед.