Дархост барои бурсияи Донишкадаи инноватсионии Душанбе (DII)
Бурсия
Қобили қабул
Талаботи академӣ
Довталабоне, ки мактаби миёнаро пеш аз оғози семестри якум хатм кардаанд.
Талаботи шаҳрвандӣ
Довталабоне, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.
Маводҳои дархост
Ариза барои дархости стипендия
Пур кардани ариза қадами аввалини муроҷиат ба бурсия мебошад. Муҳим аст, ки ҳамаи қисмҳоро дақиқ пур кунед.
Барои боргирии аризаи пуршаванда инҷо зер кунед.
Нусхаи паспорт ё шиносномаи миллӣ
Нусхаи саҳифаи асосии шиносномаи шумо, ки акс ва маълумоти шахсии шуморо дар бар мегирад.
Нусхаи аттестати мактаби миёна
Нусхаи аттестат бо иловааш. Ин ҳуҷҷат бояд имзо ва муҳри мактабро дошта бошад.
Ифтихорномаҳо
Нусхаҳои дастовардҳои худро, аз ҷумла дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, озмунҳои илмиву лоиҳавӣ, ҷоизаҳои мактабӣ ва дигар дастовардҳои назаррасро пешниҳод намоед.
Дастовардҳои олимпиадаи байналмилалӣ/минтақавӣ (IPHO, IMO, IOI, ICHO, IBO, IGO, APHO, EUPHO, MENDELEV ICHO, IZHO) – 100% бурсия.
ИМД: 96% ва зиёдтар аз он – 100% бурсия; 91-95% – 50% бурсия; 85-90% – 25% бурсия.
Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ: 1ум – 50%, 2юм ва 3юм – 25% бурсия.
Санҷишҳои дохилии DII: Имконияти ба даст овардани бурсия дар ҳаҷми 100% / 50% / 25%.
ИМД: 96% ва зиёдтар аз он – 100% бурсия; 91-95% – 50% бурсия; 85-90% – 25% бурсия.
Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ: 1ум – 50%, 2юм ва 3юм – 25% бурсия.
Санҷишҳои дохилии DII: Имконияти ба даст овардани бурсия дар ҳаҷми 100% / 50% / 25%.
Намунаи саволҳо
Эзоҳ:
Ҳама маводҳои дар боло зикршуда бояд ба суроғаи scholarship@dii.tj равон карда шаванд.
Барои ҳама гуна дархост ва кумак лутфан бо Сардори шуъбаи кор бо донишҷӯён ба воситаи телефон (+992) 778880707 ё суроғаи электронӣ scholarship@dii.tj тамос кунед.
